
8 сентябри соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири меҳнати Салтанати Умон доктор Маҳод ибни Саид ибни Алӣ Боавайн мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат, баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба табодули таҷриба ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ зоҳир гардид. Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj