Суханронии Президент дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

20.09.2017 03:16

Суханронии Президент дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид     Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғози сухан ҷаноби Мирослав Лайчакро ба муносибати интихоб шуданаш ба ҳайси Раиси Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид табрик гуфта, ба ӯ дар иҷрои босамари ин вазифа муваффақият мехоҳам.

Ҳамзамон бо ин миннатдории хешро ба ҷаноби Питер Томпсон барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон тайи фаъолияташ дар вазифаи Раиси Иҷлосияи 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милал иброз медорам.

Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар зарфи даҳсолаҳои гузашта, ҳарчанд ки аз як тараф, ба тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳамгироӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сокинони сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овард.

Ин аст, ки дар ҷодаи саъю кӯшишҳои муташаккилонаи кишварҳои аъзои Созмон ҷиҳати таъмини ҳаёти боамну осоиштаи мардум монеаҳои ҷиддӣ эҷод гардиданд.

Дар ин росто Созмони Милали Муттаҳид – ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогири ҷаҳонӣ – бояд минбаъд низ вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайвастаи давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намояд.

Ҷаноби Раис!

Дар шароити кунунӣ ба миён гузоштан ва ҳал намудани масъалаҳои умдаи рӯз бидуни роҳандозии ислоҳоти фарогири Созмони Милали Муттаҳид ғайриимкон мебошад.

Ин раванд бояд ба тавсеаи зарфиятҳои Созмон ҷиҳати вокуниши саривақтиву муносиб ба рӯйдодҳо дар саросари ҷаҳон ва рафъи  таҳдидҳои замони муосир мусоидат намояд.

Ислоҳот бояд мувофиқи усулҳо ва мақсадҳои Ойинномаи Созмон ҷоннок карда шавад ва Шӯрои Амниятро ба ҳайси қисми таркибии он фаро гирад.

Мо ҷонибдори намояндагии одилона дар Шӯрои Амният, хоссатан аз ҳисоби кишварҳои рӯ ба тараққӣ, мебошем.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд.

Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.

Бори дигар таъкид менамоем, ки амалҳои ваҳшиёнаи ин неруҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд.

Мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, пайваста иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Татбиқи марҳалаи дуюми Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои давраи то соли 2020 аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошад.

Дар раванди таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҳалли муноқишаҳо дар гӯшаҳои доғи ҷаҳон  нақши марказӣ ва ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти беш аз пеш касб менамояд.

Комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои сулҳомези рафъи буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, бо истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ   вобастагӣ дорад.  

Дар ин робита  Тоҷикистон  ҳалли қазияи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Кореяро дар идомаи музокироти созанда, танҳо   бо роҳҳои сулҳомез ва дар доираи иҷрои содиқонаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти Созмони Милал мебинад.    

Мо чунин мешуморем, ки сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, эҷоди шароити мусоид барои тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милал ба ҳисоб меравад.

Мо, тоҷикон, қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем.

Мардуми мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ душвориҳои сахту сангинеро паси сар намуд.

Дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон қурбон шуданд.

Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ноил гардем.

Дар ин замина мо ҳамкориҳои гуногунҷанбаву судмандро бо кишварҳои мухталифи олам густариш дода,  ҷиҳати таъмини ҳамгироии минтақавӣ чораҳои зарурӣ андешидем.

Ҷаноби Раис!

Вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии  Афғонистони ҳамҷавор моро бетафовут гузошта наметавонад ва боиси нигаронии ҷиддии мост.

Имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя аст.

Бино бар ин, ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ мекунем.  

Омили муҳим дар ин ҷода, аз ҷумла, ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо он мебошад.  

Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамоем, ки ба Афғонистон дар эҳёи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётиву иртиботии он мусоидату кумакҳои ҳадафрас намояд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон наздики 1400 километр сарҳади умумӣ дорад, омода аст дар ин ҷода саҳми ҳамаҷонибаи худро гузорад.

Пайвастани шоҳроҳҳои нақлиётии ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои бунёди хаттҳои  интиқоли барқ, аз ҷумла КАСА-1000, рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии фаромарзӣ, инчунин таълиму такмили касбии мутахассисон дар соҳаҳои гуногун аз самтҳое мебошанд, ки имрӯз Тоҷикистон онҳоро пайгирӣ менамояд.

Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки даромад аз муомилоти он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла созмонҳои байналмилаливу минтақавиро тақозо мекунад.

Дар ин самт Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори Созмони Милал, созмонҳои минтақавӣ, инчунин дар сатҳи дуҷониба бо кишварҳои шарик ҳамкории самаранокро ба роҳ мондааст.

Айни ҳол дар кишвар Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давраи то соли 2020 муваффақона татбиқ мегардад.

Ҷаноби Раис!

Қабули Рӯзномаи ҷаҳонии рушд то соли 2030 иқдоми наҷибонаи ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири рушди устувори кишварҳои аъзо ва фарогирии тамоми қишрҳои ҷомеа бо ин раванд маҳсуб меёбад.

Тоҷикистон тайи соли охир ба мақсади пиёдасозии Ҳадафҳои рушди устувор якчанд иқдоми муҳимро роҳандозӣ кардааст.

Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милал, аз ҷумла дафтари  Барномаи рушди он дар Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушдро то соли 2020 таҳия ва қабул намуд.

Ин санадҳои барномавӣ бар пояи Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор таҳия шудаанд ва мо татбиқи саривақтиву самараноки онҳоро саҳми кишвари худ дар амалӣ гардонидани Барномаи ҷаҳонии рушд медонем.

Тоҷикистон яке аз 43 кишвари ҷаҳон мебошад, ки моҳи июли соли ҷорӣ Ҳисоботи ихтиёрии миллии худро дар шаҳри Ню-Йорк дар чоҳорчӯбаи Форуми сатҳи баланди сиёсӣ оид ба рушди устувор муаррифӣ намуд.

Мо бар онем, ки дар раванди татбиқи шоистаи Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидат ба кишварҳои зарфияту имкониятҳояшон маҳдуд, хусусан дар бахши маблағгузорӣ ва таҳвили фановариҳои муосир, хеле зарур мебошад.

Ба ақидаи мо, тавсеаи кумаки расмӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои таъмини рушд ҳанӯз ҳам яке аз масъалаҳои умдаи рӯз боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки вазъи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ ва маҳдудияти имконоти онҳо барои дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ ба раванди таъмини рушди устувори онҳо монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд.

Дар чунин шароит ин қабил кишварҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ, содагардонии қоидаҳои тиҷорат ва ҳамгироии минтақавӣ ба мусоидати кишварҳои мутараққӣ ва сохторҳои байналмилалии молиявӣ ниёз доранд.

Аз ин рӯ, рушди муштараки ҷаҳонӣ  шарикии ҳамаҷонибаро дар ҳама сатҳҳо тақозо менамояд.

Дар ин маврид ниҳоду сохторҳои марбутаи  Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии он,  метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

Ҳамчунин аз кишварҳои мутаррақӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқу шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамзамон мусоидат ба кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ дар эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар кишварҳояшон даъват ба амал меорем.

Мутмаинем, ки таваҷҷуҳи бештар ба баррасии масъалаҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологӣ  барои татбиқи саривақтии Рӯзномаи ҷаҳонии рушд – 2030 мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Расо ду сол пеш мо  Созишномаи Париж оид ба иқлимро қабул намудем, ки ҳадафу мақсадҳояш фарогир буда, роҳҳои асосии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон муайян месозад.

Мутаассифона, бино бар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд чораҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд.

Зимнан пешниҳод менамоем, ки механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзӯр карда шуда, ба ин мақсад бунёдҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд.

Тоҷикистон низ, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсор ташкил медиҳад, бино бар хусусиятҳои ҷуғрофии худ дар рӯ ба рӯйи пайомадҳои харобиовари   офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.

Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла вобаста ба об, рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, сабабгори талафоти ҷонӣ   мегарданд.

Раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва, ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат, таъсири манфӣ мерасонад.

Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст.

Ва ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво - чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ –  манбаи  аз лиҳози экологӣ тоза - истеҳсол мешавад.

Айни замон 60 дарсади захираҳои оби  Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  ташаккул меёбанд.

Яъне идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад.

Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем.

Айни ҳол Тоҷикистон  бар пояи муқаррароти санади мазкур Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия намуда истодааст.

Ба андешаи мо, дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ин тавсеаи иқтисоди “сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф мо ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” ва Даҳсолаи байналмилалии “Энергияи устувор барои давраи то соли 2024” таъкид менамоем.

Ҷаноби Раис!

Тоҷикистон ширкати фаъолонаи худро дар иҷрои Рӯзномаи Созмони Милал марбут ба об идома хоҳад дод.

Боиси хушнудист, ки моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қатъномаро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул намуд.

Итминони комил дорем, ки татбиқи амалҳои Даҳсолаи нав дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард.

Чанд соат қабл бо ибтикори мо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти сатҳи баланд таҳти унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” баргузор гардид, ки дар он ширкаткунандагон роҷеъ ба роҳҳо ва усулҳои муассири пешбурди Даҳсолаи нави байналмилалӣ ва расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ибрози андеша намуданд.

Гузашта аз ин, мо ҷиҳати анҷом додани баррасиву муҳокимаи пешниҳодот ва тасдиқи нақшаи амали Даҳсола ният дорем, ки 22-юми марти соли 2018 – дар Рӯзи ҷаҳонии об – дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши ифтитоҳии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” ва моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.

Мо умедворем, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли илму адаб, ҷавонон ва занон  ба хотири таъмини ҳаёти шоистаи мардуми сайёра ва наслҳои оянда дар раванди татбиқи Даҳсолаи нав фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg