Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
10 январи соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Маълумоти олӣ дорад.
Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии деҳоти Тошканд (с.1987) ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст (с.2007).
Номзади илмҳои иқтисод мебошад.
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Бо мукофоти давлатии Ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст (с.2006)
Фаъолият ва собиқаи меҳнатӣ:
Солҳои 1978-1980 Корманди совхози Ленини ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1980-1982 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС
Солҳои 1982-1987 Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии
деҳоти шаҳри Тошканд
Солҳои 1987-1989 Сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолободи ҶШС Тоҷикистон
Солҳои 1989-1993 Раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1993-1995 Раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1995-2000 Муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2001 Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2006 Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2008 Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2010 Муовини раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2013 Раиси шаҳри Турсунзода, ҳамзамон Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон даъвати 4-ум
Солҳои 2013-2019 Раиси вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Вакили Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 5-ум
Солҳои 2019-2020 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020-2021- Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 2 августи соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.