22 ноябри соли 2019 дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар бургузор шуд.
Дар кори Мизи мудаввар донишҷуён ва намояндагони ташкилоти чавонони тоҷики муқими Москва иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид дошт, ки Парчам аз рӯзи қабули он дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи тоҷикон табдил ёфта, ба рушди ҳисси ифтихор ва худшиносии миллӣ, барқарорсозии анъанаҳои давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид гардонидани мардуми Тоҷикистон мусоидат намудааст.
И. Сатторов аҳамияти тарбияи насли ҷавононро дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии ифтихори миллӣ, махсус таъкид намуд.
Сипас, иштирокдорони Мизи мудаввар роҷеъ ба аҳамияти ин ҷашн дар ташаккули ҳисси миллию ватандӯстӣ дар байни насли ҷавонон маърӯза карданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия