20 ноябри соли 2019 дар Москва мулоқоти котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Котиби Шӯрои амният М. Ватанзода иштирок намуд.
Дар он нишаст котибони шӯроҳои амният масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва пешгирӣ аз таҳдиди он ба қаламрави давлатҳои ИДМ-ро муҳокима карданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, миёни котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои ИДМ роҷеъ ба дигар масъалаҳои марбут ба таъмини амният дар фазои ИДМ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии химиявӣ ва биологӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар доираи чорабинии мазкур мулоқоти М.Ватанзода бо Мушовири Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба амнияти миллӣ Ҳ. Моҳиб доир гардид, ки дар он ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов иштирок намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистонро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия