25 сентябри соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Имомуддин Сатторов аз Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия бо даъвати Ректори он Донишгоҳ М.А. Эскиндаров боздид ба амал овард.
Зимни мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои бисёрсола дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои молия, иқтис од, технологияҳои интернетӣ, ҳуқуқшиносони соҳаи молия ва дигар мутахассисони баландихтисос сурат гирифт.
Ҳамчунин, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти илмию таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ хоҳиши афзояндаи ҷавонони тоҷикро барои омӯзиши илмҳои дақиқ, аз ҷумла таҳсил дар Донишгоҳи молияи Россия қайд намуданд. Қобили тазаккур аст, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик миёни дигар донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар Донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд, аксариятро ташкил дода, айни замон зиёда аз 100 нафар мерасад.
Зимнан, усулҳои муосири таълимӣ ва шароити зарурии барои донишҷӯён фароҳамшуда махсусан таъкид шуд.
Сафири Тоҷикистон, ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик сӯҳбат орост, ки зимни он дар бораи нақши муассири унсурҳои иқтисодӣ дар сиёсати байналмилалӣ маълумот дод. Дар ин замина, ӯ бо таъкид ба талошҳои Ҳукумати кишвар дар самти гузаронидани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, роҷеъ ба пешрафтҳои назаррас дар марҳилаи кунунӣ табодули афкор анҷом дод.
Дар ин робита, аҳамияти касби интихобкардаи донишҷӯён барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва бунёди низоми муассири иқтисодӣ бо ҷалби мутахассисони ҷавони баландихтисос қайд карда шуд.
Бо истифода аз фурсат, роҳбари Намояндагии дипломатӣ ба донишҷӯён маслиҳат дод, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш на танҳо дар соҳаи молия, балки дар соҳаи технологияҳои нав низ истифода баранд.
Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия