Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҳкими робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ, 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва бо ибтикори Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва дастгирии Сафорати Тоҷикистон, Ҳамоиши соҳибкорони тоҷики муқими Россия баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии имкониятҳои тиҷоратию иқтисодии вилояти Суғд ва ҷалби соҳибкорони тоҷик барои иштирок дар рушди бахшҳои иқтисодии кишвар мебошад.
Дар суханронии ифтитоҳӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо арзи сипос аз ҳузури ҳамаи иштирокдорони чорабинӣ, аҳамияти онро дар таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамватанони бурунмарзии Тоҷикистон таъкид кард.
Раиси вилояти Суғд дар заминаи супоришҳои Пешвои миллат дар самти рушди ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва дастгирии онҳо, аз ҳамватанони соҳибкору тоҷир барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, бунёди иншооти хурду миёна, инчунин саъю талошҳо ҷиҳати дар сатҳи шоиста муаррифӣ кардани симои миллат дар давлати иқомат, даъват ба амал овард.
Р. Аҳмадзода дар бораи шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва савдо дар вилояти Суғд, имкониятҳои мавҷуда дар бахшҳои сармоягузорӣ ва дигар самтҳои ҷолиб, инчунин роҳҳои минбаъдаи тавсеаи ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорон, дар он Ҳамоиш ҳамчунин тарҳҳои инвеститсионӣ ва муаррифномаҳо дар бораи пешрафти бахшҳои асосии иқтисодӣ, саноат, саноати ғизоӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва дигар корҳои созандагию ободонии минтақа ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи Ҳамоиши соҳибкорӣ, вохуриҳои алоҳидаи муштараки роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд бо баъзе соҳибкорони Россия, ки меҳмони чорабинӣ буданд, гузаронида шуда, омодагӣ барои мусоидати ҳамаҷониба дар роҳандозии ҳамкории онҳо бо шарикон ва муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон, изҳор гардид.
Зимнан, бояд таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои муҳим миёни роҳбарият ва масъулини дигар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Россия, мувофиқи мақсад буда, дар таҳкими равобити судманд ва дастгирӣ аз диаспораҳои тоҷик нақши муассир мебозад.
Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия