Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов дар Донишгоҳи Давлатии техникии авиатсияи гражданӣ

22.09.2019 18:31

23-09-19-1.jpg

20 сентябри соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Ректори Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва Борис Елисеев мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот, роҷеъ ба таҷрибаи пурсамари бисёрсола дар бахши тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси авиатсияи гражданӣ табодули афкор сурат гирифта, ҳамчунин, масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимнан, тамоюли афзояндаи ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар он Донишгоҳ бо назари хушбинона ва қобили ситоиш қайд гардид. Дар аснои суҳбат роҳбарияти Донишгоҳ бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки донишҷӯёни тоҷик дар раванди таҳсил хеле фаъол ва боинтизом мебошанд.

Сафири Тоҷикистон низ равишҳои муосири таҳсил ва шароити муносиб барои донишҷӯёну ҳайати омӯзгорони Донишгоҳро бо изҳори қаноатмандӣ қайд кард.

Дар доираи боздид Сафир И. Сатторов бо донишҷӯёни тоҷик суҳбати алоҳида орост, ки зимни он роҷеъ ба пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар айёми муосир, табодули назар карда шуд. Таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсусан таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ба тавваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касби интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вежа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар Донишгоҳ барояшон фароҳамшуда бамаврид истифода баранд. Дар ин робита сатҳи шоистаи инфрасохтор, заминаи моддию фановарии Донишгоҳ ва аҳамиятнокии он барои бархурдорӣ аз илму касбомӯзии босифат, махсусан таъкид гардид.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg