19 сентябри соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо мақсади мулоқот бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва шиносоӣ бо шароити фаъолияти меҳнатии онҳо, ба корхонаи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти гуштии «Щелковский МПК» воқеъ дар вилояти Москва ташриф овард.
Ҳайати гуногунмиллати корхонаи мазкур, ки ба он тақрибан 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ шомиланд, дар фазои ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ фаъолият мекунанд ва солҳои зиёд аст, ки он коргоҳ маҳсулоти гуштӣ ва дигар навъҳои ғизоиро пешкаши муштариён мегардонад.
Зимни вохурӣ шаҳрвандони мо аз шароити хуби фароҳамшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатгузории бақайдгирии саривақтӣ, таъмини седафъаинаи ғизои ройгон барои коргарон ва хобгоҳ, ки дар ҳудуди корхона ҷойгир аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба шаҳрвандон роҷеъ ба суолу дархостҳои онҳо машваратҳои ҳуқуқӣ ва тавсияҳои муфид пешниҳод гардида, меъёрҳои марбут ба соҳаи муҳоҷирати меҳнатии дар қонунгузории Федератсияи Россия қабулшуда шарҳ дода шуд.
Бо истифода аз фурсат Сафири Тоҷикистон дар бораи рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар дар марҳилаи кунунӣ суҳбат ороста, ба вежа таъкид кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз барои таъмини шароити мусоид ҷиҳати худкифоии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва ҳамзамон барои созмон додани ҷойҳои кории муносиб ба аҳолӣ дар қаламрави Тоҷикистон, бо ғамхориҳои пайваста саъю талошҳо анҷом медиҳад.
Дар рафти он боздид ҳамчунин мулоқоти И. Сатторов бо роҳбарияти корхона доир шуд. Дар зимн Сафири Тоҷикистон татбиқи механизмҳои бо кортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишнома миёни Тоҷикистону Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Россияро муҳим арзёбӣ кард.
Қобили қайд аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Россия чунин чорабинӣ ва вохуриҳоро бо шаҳрвандони кишварамон мунтазам баргузор менамояд.
Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия