1 сентябри соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи дониш” дар Донишгоҳи иктишофию геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе иштирок варзида, дар назди донишҷӯён суханронӣ намуд.
Чорабинӣ бо суханронии ифтитоҳии ректори Донишгоҳи иктишофию геологии Россия В.А. Косянов оғоз гардид. Ректор дар суханронии худ дар бораи имкониятҳои фановарии Донишгоҳ ва дурнамои он ибрози назар кард.
Сафири Тоҷикистон И. Сатторов дар суханронии табрикотӣ ба муносибати “Рӯзи дониш” ба донишҷӯён дар роҳи интихоб намудаашон муваффақият ва бурдбориҳо таманно кард.
Ҳамчунин, Директори генералӣ-Раиси ҶС «Росгеология» С.Н. Горков зимни суханронии худ донишҷӯёнро табрик карда, дар таҳсилашон комёбиҳо орзу намуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Сатторов ҳамчунин бо донишҷӯён-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти алоҳида доир намуда, омода кардани мутахассисони баландихтисосро, аз ҷумла дар соҳаи иктишофию геологӣ барои рушди минбаъдаи геология дар ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ намуд ва қайд кард, ки бинобар мавҷуд будани миқдори зиёди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон, он метавонад дар маҷмуъ боиси инкишофи иқтисодиёти кишвар гардад.
Кобили зикр аст, ки дар маҷмуъ 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи иктишофию геологии Россия таҳсил мекунанд, ки 37 нафари онҳо соли ҷорӣ дохил шуданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия