Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилии Россия

18.06.2019 18:52

18-06-19-1.jpg

18 июни соли 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ масоили татбиқи қарордодҳое, ки ҷонибҳо дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия дар моҳи апрели соли 2019 ба даст оварданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳиммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда шуд. Дар ин робита, И.Сатторов таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатро ба мушкилоте, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба он рӯ ба рӯ мешаванд, нигаронида, зарурати таҳкими ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро махсусан қайд кард.

Ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаҳои кушодани иҷозати вуруд ба гуруҳи муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Федератсияи Россия табодули назар сурат гирифт.
В.Казакова иброз намуд, ки солҳои охир ба қонунгузории Россия дар соҳаи муҳоҷират тағйироти назаррас ворид шуда, ҷиҳати такмили санадҳои меёрии ҳуқуқӣ идома меёбад.
Дар охири суҳбат аз ҳамкориҳои самаранок миёни мақомоти дахлдори ду давлат бо қаноатмандӣ зикр гардид.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg