11 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба Ереван вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) бо Муовини Раиси Маҷлиси миллии (парлумони) Арманистон Ваге Энфиаҷян доир шуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни мақомоти қонунгузор ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ карор гирифт. Дар ин робита, муҳиммияти фаъолияти гуруҳи дӯстии парлумонҳо таъкид гардид.
Масоили ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нимаи дуюми ҳамин рӯз Сафири Тоҷикистон И.Сатторов бо Муовини дигари Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Л.Назарян мулоқот кард.
Мусоҳибон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаи анъанаи дӯстии мардумон асос ёфтааст ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда ин робитаҳо боз ҳам тақвият меёбанд.
Сафири Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳамкорӣ бо Арманистон ҳам дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СААД ва ИДМ ибрози ҳавасмандӣ намуд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, технологияҳои навин ва таъмини амният табодули афкор карданд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия