Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Раиси Ҳукумати Россия

19.04.2019 19:35

19-04-19-20.jpg

16 апрели соли 2019 дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, гуманитарӣ, илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.

www.president.tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg