Қабули Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия дар Қасри миллат

19.03.2019 20:21

19-03-19-1.jpg

19 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Миннихановро, ки ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла шарикии минтақавӣ бо Ҷумҳурии Тотористон қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.
Бо назардошти шароит ва имкониятҳои мавҷуда соҳаҳои саноат, нақлиёту коммуникатсия ва комплекси агросаноатӣ аз самтҳои ояндадору тақвиятбахшандаи робитаҳои дуҷониба маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки бо сайъу талошҳои муштарак, хусусан робитаҳои мустақими доираҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон бо Тотористон ба сатҳу сифати беҳтар расонида мешавад.
Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, саноати нафту газ, коркарди маҳсулот, саноати вазнин, сабук, кимиёвию сохтмонӣ ва дорусозӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Бо назардошти имкониятҳои бозори Тотористон ҷиҳати таъминот бо меваю сабзавот ва полезиҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистон бо Тотористонро дар соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд.
Баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон воситаи хуби густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, бахусус сармоягузорӣ, истеҳсолоти саноатӣ, комплекси логистикӣ ва агросаноатӣ, бонкдорӣ, муҳоҷират ва тандурустӣ маънидод гардид.
Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо ҳамчунин истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, бунёд ва таъмини фаъолияти паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон, таъсиси биржаҳои муштараки меҳнатӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг табодули афкор намуданд.

www.prezident.tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg