19 марти соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми раиси Ҳукумат, Вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуановро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид карданд, ки мо ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия аҳамияти махсус медиҳем.
Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар татбиқи ҳадафҳои ду ҷониб, аз ҷумла созишномаҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин баррасии “Барномаи рушди ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо барои то соли 2021” барои тавсеаи муносибатҳои шарикии ду кишвар ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол, муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки айни замон сохтори муомилоти молҳои давлатҳои мо “захираи ашёи хом” боқӣ мемонад ва мо бояд барои диверсификатсияи он кушиш ба харҷ диҳем. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки бояд механизми содда кардани навъҳои дастрасии мол аз Тоҷикистон ба бозори Россия таҳия карда шавад. Ҳамкории фаъол дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак зарур шуморида шуд.
Россия шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоӣ ва сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 1,6 миллиард доллари америкоиро ташкил дод.
Зимни суҳбат барои идомаи ҳамкории фаъол дар соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, сӯзишворӣ, энергетика, кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молия ва кредит, нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ, изҳори омодагӣ карда шуд.
Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ низ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.