Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия бо Президенти Тотористони Федератсияи Россия

01.03.2019 20:29

01-03-19-1.jpg

28 феврали соли 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид, масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни мунтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сафири Тоҷикистон И.Сатторов изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тотористон дорои имкониятҳои фаровони иқтисодӣ мебошад ва Тоҷикистон нияти густариши ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дорад.

Зимни суҳбат ҳамназарии ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла дар соҳаи рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистону Тотористон, татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ, ташкили сафарҳои соҳибкорон ва ҷалби сармоя зоҳир гардид.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти доиргардида ва сафари дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ба Душанбе, дар рушди минбаъдаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории фарогир миёни Тотористон ва минтақаҳои Тоҷикистон саҳми муассир хоҳад гузошт.


Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg