Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Россия ба Тоҷикистон

05.02.2019 15:11

5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ миёни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С. Лавров баргузор гардид.

Зимни суҳбат масоили татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин масъалаҳои мубрами рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо доир ба идомаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф изҳори омодагӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2019 ба имзо расид.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg