Рӯнамои зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Москва

24.01.2019 15:17

24 январи соли 2019 дар ҳошияи барномаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-20121)”, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоишро дар мавзӯи "Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон" баргузор кард.

Дар ҳамоиш, ки дар толорҳои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва доир шуд, намояндагони ҳафтод муассиса ва ширкатҳои маъруфи сайёҳии Россия, мақомоти давлатии соҳавӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Ҳамчунин, зиёда аз 10 ширкати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд намояндагиҳои онҳо дар қаламрави Россия дар кори ҳамоиш бо муаррифномаҳои худ иштирок намуданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов, аз ҷумла изҳор дошт, ки рушди сайёҳӣ дар шароити муосир дар таҳкими равобити дӯстию рафоқат миёни мардумони давлатҳо, ба вежа дар густаришу ҳамгироии фарҳангӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои миллии тарафайн нақши муассир мебозад.

Зимнан Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саёҳӣ ва таҷдиди зарфиятҳои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати татбиқи барномаҳои дахлдор чораандешӣ мекунад. Бо ишора ба он, ки соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд, қайд гардид, ки дар он марҳила теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон сафаркарда, 2,5 маротиба нисбат ба соли 2017 афзуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо, ки ҳадаф аз онҳо мусоидат ба рушду таҳкими ҳамкориҳо ва табодули афкору таҷриба миёни муассисаю ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия аст, аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

Бо истифода аз чунин фурсати муносиб намояндагони ширкату муассисаҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Қароргоҳи куҳнавардии “Артуч”, осоишгоҳи “Шифо”, шаркатҳои сайёҳии “Саразм”, “Куҳандиз”, “Бунёд-Тур”, “Бозори Вору”, “Чил меҳроб” ва “Авиткон” дар бораи зарфиятҳои сайёҳии кишвар, шароити муносиби муҳайёшуда ҷиҳати сайру тамошои хориҷиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва маконҳои фароғатӣ, маълумоти муфассал пешниҳоди ҳоизирин намуданд.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҷумҳуриро дар радифи захираҳои фаровони сайёҳӣ, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ, ки ҳамзамон шароити хубу роҳатро ба ташрифоварандагон таъмин месозад, таъкид карданд.

Зимни чорабинӣ ҳамчунин лавҳаҳои видеоии ҷолиб дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ, иншооти фарҳангию фароғатӣ ва осорҳои таърихию археологии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар маҷмӯъ, меҳмонон имкони хуби шиносоӣ бо осори таърихию фарҳангӣ ва ҳамзамон рушди муосири соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла зарфиятҳои сайёҳиро доштанд. Ба ҳамаи иштирокдорон харитаҳо, руқъа ва дигар маводи сайёҳӣ тақсим гардид.

Дар фарҷоми Ҳамоиш бо мақсади таҳкими равобит ва табодули мушаххасот, намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия суҳбатҳои алоҳидаи рӯ ба рӯ гузарониданд.

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg