Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Директори Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Россия

21.12.2018 15:22

21 декабри соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Директори Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Россия Майя Ломидзе баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии ду кишвар табодули афкор сурат гирифта, И.Сатторов иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати рушди соҳаи мазкур, таърихи қадима, табиати беназир ва зарфиятҳои сайёҳати табобатиро қайд кард.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкории судманд бо мақсади таҳкими робитаҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Россия ибрози омодагӣ намуданд.
 

Хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Россия

 

  •  

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg