16 ноябри соли 2018 дар Сафорат чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия, аҳли илму фарҳанг, чеҳраҳои шинохтаи мардуми тоҷик, соҳибкорон ва устодону донишҷӯёни тоҷики мактабҳои олии шаҳри Москва баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов меҳмонон ва дигар ҳамватанони муқими Россияро бо ҷашни воқеан таърихию тақдирсози миллати тоҷик – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шурӯъи чархидани боз як нерӯи пешрафти ҳаёти Тоҷикистон – НБО “Роғун”, бо таманнои бахту саодат ва комёбиҳои беназир самимона табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки: “Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти солгарди иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ба роҳандозии чархаи аввалини иншооти воқеан рамзию таърихӣ ва стратегии Тоҷикистон – НБО “Роғун”, рост омад”.
Зимни суханронӣ, Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба нақши таърихӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ, ҳифзи давлати тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, инчунин, аҳамияти иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Дар идома И.Сатторов роҷеъ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар робита ба рушду таҳкими Тоҷикистон, бунёди иншооти стратегии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи Роғун, сухан гуфта, бо ибрози боварӣ таъкид кард, ки гардиши аввалин чархаи ин Нерӯгоҳи бузург, бо ҳуруфи заррин дар саҳифаи нави таърихи муосири Тоҷикистон дарҷ мегардад ва ин гоме дар масири тағйири кишвари аграрӣ ба саноатӣ хоҳад буд.
Сипас, иштирокдорони ҷамъомад бо камоли хурсандию нишот пахши мустақими телевизиониро аз рафти баистифодадиҳии агрегати якуми Нерӯгоҳи Роғун тамошо намуда, шоҳиди яке аз чорабиниҳои таърихии Тоҷикистони мустақил гардиданд.
Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи меҳмонон филми мустанад бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардид.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия