14 ноябри соли 2018 дар шаҳри Москва бо раисии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони комилҳуқуқи давлатҳои ИДМ, инчунин, намояндагони аршади вазорату идораҳои соҳавии давлатҳои иштирокдори ИДМ ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Комиссия лоиҳаи ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, тартиби транзити борҳо, гузаронидани амалиёт ва назорати гумрукӣ зимни таҳвили мол баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа натиҷаҳои татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои қаблан қабулшуда, маълумот оид ба бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ ва бозори таблиғи давлатҳои иштирокдори ИДМ, шарҳномаи сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи фаъолияти Шурои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ оид ба иттилооти илмию фановарӣ пешниҳод гардид.
Қарор қабул шуд, ки ҷаласаи навбатӣ 19 декабри соли 2018 дар Москва баргузор гардад.