Қадрдонии Консули фахрии Тоҷикистон

15.11.2018 15:37

9 ноябри соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Краснодар Нағзибек Нағзибековро ба муносибати сарфароз гардиданаш бо мукофоти давлатии Федератсияи Россия – Ордени Дӯстӣ ба ҳузур пазируфт.

Сафири Тоҷикистон Консули фахриро самимона табрик намуда, саҳми ӯро дар рушду таҳкими робитаҳои дӯстона миёни мардумони ду давлати бародар махсусан қайд кард. Дар ин робита, сатҳи олии густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.

Хотиррасон менамоем, ки бо фармони Президенти Россия, Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Краснодар Нағзибеков Нағзибек Наврӯзшоевич барои хизматҳои шоиста дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни мардумони Тоҷикистону Россия бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардинида шуд.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

IMG-158747.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg