Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири Словения

13.11.2018 15:40

08-11-18.jpg

8 ноябри соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс барпо шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаи сафари кории дарпешистодаи Сафири Ҷумҳурии Словения ба Душанбе баррасӣ гардада, оид ба вазъи кунунии раванди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳо табодули афкор сурат гирифт. Ҳамчунин ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва татбиқи амалии тарҳҳои имконпазир миёни Тоҷикистону Словения ибрози ақида гардид.

Масоили имкониятҳои воридотӣ ва содиротии кишварҳо, ҳамчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ ва сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg