7 ноябри соли 2018 дар Сафорат бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадзода Суҳроб Талбак бо афсарону курсантони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Академия ва донишкадаҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар оғоз Сафири Тоҷикистон ва Муовини вазири мудофиа афсарону курсантонро ба ин ҷашни давлатӣ табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад.
Сипас бо афсарону курсантон вобаста ба вазъи таҳсил ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт суҳбат доир гардид. Ба ҳозирин тавсия дод шуд, ки имконияти мавҷударо истифода бурда, дониши ҳарбии худро дар сатҳи зарурӣ бояд тақвият диҳанд.
Зикр шуд,ки дар доираи ҳамкориҳориҳои судманд миёни ду давлат айни замон тақрибан 26 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки афсарону курсантони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ба он шомиланд.
Афсарону курсантон низ дар навбати худ иброз доштанд, ки тамоми саъйи худро барои такмили дониши ҳарбии худ равона намуда, ба ватан хизмати содиқона хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия