Ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

18.10.2018 16:01

18-10-18.jpg

17 октябри соли 2018 дар шаҳри Москва таҳти раисии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид, ки дар он намояндагони комилҳуқуқи давлатҳо, инчунин кормандони мақомоти соҳавии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Комиссия лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи навоварӣ (инноватсионӣ), рушди инфрасохтори роҳҳои байналмилалии автомобилӣ дар ҳудуди Иттиҳод, ташаккули сиёсати рақобат дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ба иштирокдорони ҷаласа натиҷаҳои амалӣ гардидани чораҳо ҷиҳати истифодаи гази табиӣ ба сифати сузишворӣ барои воситаҳои нақлиёт дар давлатҳои аъзои ИДМ ва ҳисоботи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии “Радионавигатсия” пешниҳод гардид.

Комиссия қарор қабул намуд, ки ҷаласаи навбатӣ 14 ноябри соли 2018 дар шаҳри Москва баргузор гардад.

Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg