Баргузории намоишгоҳи китобу аксҳо дар ҳошияи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия

11.10.2018 16:14

7 октябри соли 2018 дар доираи баргузории чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия, дар Китобхонаи давлатии Россия намоишгоҳи аксҳо дар мавзӯи “Тоҷикистони муосир” ва китобҳои нависандагони тоҷик, ки ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ чоп шудаанд, дари худро ба дӯстдорони китобу шавқмандони санъати аккосӣ боз кард.

Намоишгоҳ бо суханрониҳои Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ва Директори иҷроияи Китобхонаи давлатии Россия Владимир Гнездилов ба кори худ ҳусни оғоз бахшид.

Муносибатҳои неки анъанавӣ ва қаробати ногусастании фарҳангии мардумони ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзамон, иқтидору зарфиятҳои фаровони мавҷуда ҷиҳати рушду таҳкими минбаъдаи равобити фарҳангӣ, аз муҳтавои суханрониҳо буд.

Фурсати муносибе, ки намоиши аксҳои “Тоҷикистони муосир” ба меҳмонон фароҳам овард, ҳамсони сайру саёҳати воқеӣ дар мавзеъҳои зебову камназири Тоҷикистон буда, инчунин, шиносоӣ бо дастовардҳои замони Истиқлолият гардид.

Дар намоиши китобҳои ҷолиб дар толори хониши Китобхона намунаҳои беҳтарини адабиёти классискӣ ва муосири тоҷик пешкаши хонандагон гардидааст.

Зимнан, намоишгоҳи мазкур дар Китобхонаи давлатии Россия то 10 октябри соли ҷорӣ мунтазири меҳмонону мухлисони китобу санъати аккосӣ аст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg