Машваратҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар ш.Москва

12.07.2018 18:07

12-07-18.jpg

12 июли соли 2018 дар шаҳри Москва машваратҳо оид ба масъалаҳои фаъолияти байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмон баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод роҳбарӣ мекард.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷӣ дар ҳошияи СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Чораҳои амалӣ оид ба мустаҳкам намудани нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минақавӣ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо зарурати пурзӯр намудани талошҳоро дар роҳи мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини боэътимоди амният ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон дар умум, қайд намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg