Боздид аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар Сахарово

21.05.2018 20:21

18 майи соли 2018 намояндагони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо кормандони ҶДММ “Русмостранс” аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид намуда, бо ҳолати нигоҳдошти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассиса аз наздик ошно гардиданд.

Зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин кормандони масъули Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Зимни ин боздид низ ба шаҳрвандон хӯрока, либос ва дигар маҳсулоти зарурӣ тақдим гардид.

Корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg