7 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ, ки бар асари он хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия ба ҳалокат расиданд, моро андӯҳгин намуд.
Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».