Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Москва

18.06.2021 17:58

18-06-2021-1.jpg

18 июни соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлатали Саид дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд.
Зимни нишаст дар шакли маҳдуд, роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба  масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ-ро муҳокима карданд.
Дар ҷаласа дар шакли васеъ ҳисоботи Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои соли 2020 шунида шуда, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои афзалиятноки татбиқи консепсияи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи энергетика ва нақшаи тадбирҳои афзалиятноки татбиқи консепсияи ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи  истифодаи манбаъҳои нерӯи барқароршаванда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, аъзои Шӯрои иқтисодии ИДМ  Харитаи роҳ вобаста ба татбиқи "Чорабиниҳо ҷиҳати коҳиш додани паёмадҳои манфии пандемияи COVID-19 барои иқтисодиёти кишварҳои узви ИДМ"-ро мувофиқа намуданд.
Дар интиҳои нишаст, 16 ҳуҷҷат, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳамкориҳои инноватсионӣ ва фаъолияти мақомоти андоз ба имзо расид.
Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg