Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини губернатори минтақаи Забайкал

23.06.2021 17:15

23-06-2021.jpg

22 июни соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Муовини губернатори минтақаи Забайкал - Роҳбари намояндагии он Пётр Геннадевич Попов баргузор гардид.
Дар он дидор роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Забайкал табодули афкор сурат гирифт. 
Ҷонибҳо омодагии тарафайнро барои таҳкими ҳамкориҳои фаъоли байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ, маориф, инчунин дар самти амалисозии лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ изҳор доштанд. Дар ин росто, миёни ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба масоили ҷалби мутахассисон аз Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар он минтақаи Россия мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо миёни  донишгоҳҳои олии Тоҷикистон ва минтақаи Забайкал мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо  омодагиро ҷиҳати таҳияи  лоиҳаи созишномаҳо оид ба  ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва минтақаи Забайкал изҳор намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg