Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Россия

11.08.2021 10:38

11 августи соли 2021  Имомуддин Сатторов ба муносибати анҷоми  маъмурияти дипломатиаш ба сифати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия  Сергей Викторович Лавров мулоқот кард. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили муҳими рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои  СҲШ ва СААД-ро дар шаҳри Душанбе  мавриди баррасӣ қарор доданд.
С. Лавров саҳми муассири  И. Сатторовро  дар рушди ҳамкориҳои созандаи ду кишвар махсусан қайд намуд.
И.Сатторов дар навбати худ ба С. Лавров барои дастгирии ҳамаҷониба дар фаъолияти ӯ ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ҳамёрии стратегӣ, инчунин татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд бадастомада мусоидат кардааст,  изҳори миннатдорӣ намуд. 
Вазири корҳои хориҷии Россия ба И. Сатторов дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо орзу намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg