Супоридани нусхаи эътимодномаи Сафири Тоҷикистон дар Россия

07.09.2021 19:03

7 сентябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Ҳамсуҳбатон  масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла перомуни масъалаи  омодагӣ  ба  сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи  дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД  дар Душанбе табодули афкор намуданд.

Тарафҳо роҷеъ ба  масъалаҳои муҳими  минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ибрози назар карданд.

Андрей Руденко  дар фаъолияти минбаъдаи  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия   муваффақиятҳо орзу намуд.

07-09-2021-1.jpg

07-09-2021-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg