11.09.2021 15:20
10 сентябри соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботирҷон Асадов баргузор гардид.
Б. Асадов ба муносибати таъйин гардидан ба сифати Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д. Гулмаҳмадзодаро табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно кард.
Ҳамсуҳбатон роҷеъ ба мавзӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Сафирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи намояндагиҳои дипломатии ду давлат дар Москва иброз карданд.