Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири Кипр

29.09.2021 16:43

 29 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Кипр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва Андреас Зинонос мулоқот намуд.

Дар он  дидор мусоҳибон дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кипрро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.

 Миёни ҳамсуҳбатон ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат Д. Гулмаҳмадзода ва А. Зинонос омодагиро ҷиҳати мусоидат ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Кипр иброз намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg