Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири Зеландияи Нав

30.09.2021 16:05

29 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Зеландияи Нав дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва хонум Сиалеи Аллегра ван Тур мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ  ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои иқтисод, тандурустӣ ва сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Миёни ҳамсуҳбатон перомуни  имконияти мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар бо мақсади афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои меҳварии рӯзномаи байналмилалӣ табодули  назар карданд.

Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Зеландияи Нав омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои босамар миёни  Намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg