Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сафири Словения

02.10.2021 10:48

30 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқомат дар Москва Бранко Раковетс мулоқот кард.

Дар рафти суҳбат мусоҳибон масоили рӯзномаи дуҷонибаро  бо тамаркуз ба дурнамои густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Миёни ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба  густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Словения изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg