Мулоқот бо Сафири Австралия

04.10.2021 11:32

04-10-2021-2.jpg

30 сентябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқомат дар Москва, Грэм Михан мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австралияро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои  иқтисоду савдо, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули  афкор намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат,  Д. Гулмаҳмадзода ва Г. Михан омодагиро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Австралия изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg