Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сафири Черногория

04.10.2021 18:06

1 октябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Черногория дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар Москва Милорад Шчепанович мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба таҳкими  ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахши сайёҳати  кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ баррасӣ намуданд. Ҳамзамон роҷеъ ба мавзуъҳои  муҳими байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Сафирон омодагии  мутақобиларо  ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Черногория изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg