Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан

11.10.2021 17:57

Бо  мусоидати Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 11 октябри соли 2021 18 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон,  ба  шаҳрвандон аз ҷониби Сафорат ҳамаи  кумакҳои  зарурӣ расонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Сафорат  чунин мусоидатро  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур мунтазам анҷом медиҳад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg