Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сафири Германия

15.10.2021 19:05

15 октябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Федератсияи Россия Геза Андреас фон Гайр мулоқот кард.

Дар мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Германияро дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ  ва  сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни суҳбат Сафири Германия дар масъалаи тайёр кардани мутахассисон  барои Тоҷикистон дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ дар кишвараш ҳавасмандӣ зоҳир намуд.

Тарафҳо ҳамчунин перомуни масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор карданд.

Дар фарҷоми мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Германия омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои босамар миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва изҳор намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg