Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Сафири Сингапур

22.10.2021 18:22

21 октябри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сингапур дар Федератсияи Россия Премджит Садасиван баргузор гардид.

Дар мулоқот ҳамсуҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Сингапурро дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.

Сафири Ҷумҳурии Сингапур ба масъалаи омодасозии мутахассисон барои Тоҷикистон дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва логистика таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Миёни ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба  масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафирони Тоҷикистон ва Сингапур  омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд миёни намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар Москва иброз намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg