Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид.
Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ нисбат ба асари безавол ва бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба қалами Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд. Дар ин бора Агентии иттилоотии “Ховар” бо истинод ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Асари тозанашри мазкур дар асоси мазмуну муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони бахши забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ таҳия гардида, он дар дар доираи илмии муҳаққиқон ва аҳли зиё мақому манзалати беназир касб намудааст.