Тоҷикистон барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ низоми бераводиди яктарафаро ҷорӣ кард

23.11.2021 13:12

Тибқи Қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 дар Тоҷикистон  барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон ҷиҳати ворид гардидан ба ҷумҳурӣ, низоми якҷонибаи бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.

Муҳлати иқомати ин гуна шахсон дар қаламрави Тоҷикистон мувофиқи Қарори мазкур 30 рӯз муқаррар шудааст.  

Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед.

 

Ҳамчунин тибқи Қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки  шаҳрвандонашон бо тартиби соддашуда ҳуқуқи гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, 14 давлати дигар илова карда шуд. 

 Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg