24.12.2021 20:10
21 декабри соли 2021мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшох Гулмахмадзода бо Вазири сохтмон ва хоҷагию манзилии Федератсияи Россия Ирек Файзуллин баргузор шуд.
Зимни мулоқот вобаста ба ҷалби зарфиятҳои соҳибкории Россия ва сармоягузории он дар сохтмон, саноат, аз ҷумла тарҳҳои мухталифи зерсохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт. Дар ин робита, тақвияти ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои соҳавии ду кишвар, имзои созишномаҳои байниидоравии дуҷониба зарур шуморида шуд.
Сафири Тоҷикистон қайд намуд, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сохтмон, хидматрасонӣ саҳми арзандаро ҷиҳати рушди иқтисод ва соҳаи иҷтимоии Россия мегузоранд.
Дар ин замина, миёни ҷонибҳо роҷеъ ба коркарди минбаъдаи механизмҳои ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони баландихтисос мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сохтмон ва архитектура, ҳамчунин ҷалби муташаккилонаи онҳо барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия табодули афкор сурат гирифт.
Вазири сохтмон ва хоҷагию манзилии Россия И. Файзуллин ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самти таҳияи муштараки механизмҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои соҳавии ду кишвар изҳори омодагӣ намуд.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия