Шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар шаҳри Москва

19.01.2022 17:36

18 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргузор  гардид.
Дар рафти мулоқот Роҳбари Намояндагии дипломатиии Тоҷикистон доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро  шарҳу тавзеҳ дод.
Д. Гулмаҳмадзода  зимни суханронии хеш,  аз ҷумла иброз дошт, ки дар Паёми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои минбаъда муайян гардидааст.
Бо тазаккур аз  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки ҳамаи  дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ  маҳз ба шарофати  заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон  ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба даст омадааст. Таъкид карда шуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми кишварамон  давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо таъкид ба суханҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба идома додани корҳои  созандагию бунёдкорӣ то ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд бо азму иродаи қавӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Дар зимн, аз ҳамватанон баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо Тоҷикистон ва иштироки фаъоли онҳо дар раванди рушди ҳаёти кишвар, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва аз даст надодани  зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.
Ҳамчунин ба ҳозирин перомуни бурдани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои будубош, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии кишвари иқомат хотиррасон гардид. Илова бар ин, ба аҳли нишаст роҷеъ ба зарурати аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, инчунин  омӯхтани касбу ҳунар таъкид карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg