20 январи соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯнамоӣ дар мавзӯи “Муқаррароти кодекси андоз дар таҳрири нав” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, кормандони Намояндагии дипломатӣ ва мақомоти дигари давлатии Тоҷикистон дар Россия иштирок намуданд. Ҳамчунин намояндагони консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва соҳибкорони тоҷики муқими кишвари иқомат дар чорабинии мазкур дар шакли маҷозӣ ширкат варзиданд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мақсад ва моҳияти қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навро шарҳ дод. Инчунин аҳаммияти дастуру ҳидоятҳо ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи рушди соҳаҳои саноат, кишварзӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя таъкид гардид.
Зикр карда шуд, ки дар робита ба авлавиятҳои сиёсиву иқтисодии кишвар, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2022-2026, ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон гардиданд ва имтиёзҳои муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба татбиқи ин иқдом мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, 7 намуди андозбандӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ 17 номгуйи навгонӣ дар Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, ки аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар идомаи чорабинӣ, Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф перомуни як қатор тағйирот ва муқаррароти нав ба иштирокдорон шарҳу тавзеҳоти мушаххасро дар шакли рӯнамоӣ манзур намуд.
Дар зимн, дар хусуси андозбандии байналмилалӣ, низоми махсуси андозбандӣ, низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна, истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягонаи кишоварзӣ), субъектҳои фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ, инноватсионию технологӣ ва дигар ҷанбаҳои марбута маълумот пешниҳод гардид. Илова бар ин, доир ба сиёсати андозбандии кишвар ва тартиби баррасии баҳсҳои андозбандӣ дар ҳошияи меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ тавзеҳот дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт.