Машварати кории Сафир бо консулҳои генералии Тоҷикистон

28.01.2022 17:15

28 январи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консул ва консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа машварати корӣ дар қолаби маҷозӣ баргузор кард.

Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла масоили вобаста ба шароити иқомати  онҳо дар қаламрави  Россия  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, миёни ҳамсуҳбатон роҷеъ ба  роҳҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва  саноат  табодули афкор сурат гирифт.

 

​​​​​​​

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg