Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Бошқирдистон

05.03.2022 00:05

3 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафари корӣ Д. Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард. Мусоҳибон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак таъкид карда шуд.

Ҳамзамон доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз қабили соҳаи маориф ва илм, аз он ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қобили қайд аст, ки дар донишкадаҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон зиёда аз 1200 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти баргузоршуда баҳри рушди ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Ҳамчунин Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд. Зимни сӯҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили бизнес-форум муҳокима гардид.

Д. Гулмаҳмадзода аҳаммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg