Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон

29.05.2021 11:25

Комиссияи байниҳукумати Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ

Нияти таъсисёбии Комиссияи байниҳукумати Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ тибқи Эъломиия муштарак дар бораи усулҳо ва самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 15 феврали соли 1993 таъкид шудааст.

Мутобиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ (12 декабри 1995, Деҳлӣ), аввалин ҷаласаи комиссияи мазкур соли 2001 дар шаҳри Деҳлӣ таҳти роҳбарии вазирони ҳарду кишвар баргузор гардид. То имрӯз 11 ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гардида, масъалаҳо ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор дода шудааст. Инчунин дар чаҳорчуби Комиссияи мазкур имконияти таъсисёбии гуруҳои кории вежа низ пешбинӣ шудааст. Ҷаласаи охирони Комиссия 25 феврали соли 2020 дар Деҳлии нав доир гардид

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg